БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ОЗОДӢ” ГАПИ ОЗОД НАДОРАД

ВОКУНИШ. Барномаи “Гапи озод”-ро дар радиои “Озодӣ” тамошо карда, ба хулосае омадам, ки ин воситаи ахбори омма  як расонаи ҷудоиандоз ва иғвогар мебошад. Дар  нашри навбатии барномаи мазкур сармуҳаррири нашрияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов ва сардабири собиқ рӯзномаи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавард иштирок доштанд. Мавзӯи  барнома “Тоҷикистон матбуоти озод дорад, ё не?” буда, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик  таҳия гардида буд.

Як чизро мехоҳам қайд кунам, ки ровии барномаи “Гапи озод”  Маҳмаднабӣ Холиқзода ҳамеша ба саволҳои провакатсионӣ мехост мусоҳибони худро ба ғазаб биёрад, вале ба ҳадафҳои худ намерасид ҳам Бахтиёр Ҳамдамов ва ҳам Фариддуни Раҳнавард бо оромиву таҳаммул ба саволҳояш ҷавоб медоданд.

Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матбуот озод ва озодии сухан мавҷуд аст. Ҳатто М. Холиқзода басташавии нашрияҳои “Нигоҳ” ва “Озодагон”-ро ба фишороварии мақомот ва мавҷуд набудани озодии сухан дар Тоҷикистон вобаста кард. Мутаассифона, худи сардабири собиқ нашрияи “Нигоҳ”, ки яке аз мусоҳибони “муҳтарам рӯзноманигор” буд, эътироф намуд, ки яке аз сабабҳои асосии баста шудани нашрияи нигоҳ ин мушкилоти иқтисодӣ-молиявӣ буд.

Бояд эътироф намуд, ки дар Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти даврӣ фаъолияти озодонаву пурсамар доранд, чи нашрияи давлатӣ, чӣ нашрияҳои мустақил. Матбуоти даврӣ дар инъикоси ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок  намуда истодаанд. Онҳо махсусан нашрияҳои мустақил мунтазам маводҳои таҳлиливу танқидӣ нашр мекунанд, ки ин нишона аз озодии сухан дар кишвар далолат мекунад. Дар ин ҷо метавон фаъолияти нашрияҳои “СССР”, “Тоҷикистон”, “Пайк” ва ғайраро намуна арзёбӣ намуд.

Ва он озодии сухане, ки “шумо” дар назар дореду талқин мекунед, гумон мекунем, ки воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон чи давлатӣ ва чи мустақил қабул надоранд.  

Бояд як нуктаро ба назар гирифт, ки имрӯз журналистикаи шаҳрвандӣ ва журналистикаи электронӣ рушд карда истодааст, ки ба ин пешрафт ва тараққиёти техника ва технология замина гузошта истодааст. Ин боиси он гардидааст, ки  натанҳо мардуми тоҷик, балки аксарияти сокинони сайёра ба воситаҳои ахбори оммаи чопї таваҷҷуҳ намоянд.

Дар охир гуфтанием, ки  радиои “Озодӣ” ва журналистонаш чун ҳамеша мехоњанд миёни ҷомеа тафриқа андозанд, вале муваффақ нахоњанд шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg