Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси маъмурият ва дастгирии падару модарон бинои муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Носири Хусрав, ки ба таъмири ҷорӣ эҳтиёҷ дошт, корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз ёфт. Бо дастгирии волидайн ва шахсони саховатпешаи сокини шаҳраки Баҳор, қисми берунии муассисаи таълимӣ таъмир карда шудааст.
Директори муассисаи таълимӣ Мамасодиқова Баҳриниссо иброз намуд, ки маводҳои зарурӣ харидорӣ шуданд бо дастгирии падару модарон ва шахсони саховатпеша сохтмончиён таъмири муассисаро оғоз карда, рӯзҳои наздик таъмирро ба анҷом мерасонанд.