БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ МАҚСАДУ МАРОМИ МО

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид ба  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паёми Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  ҳамарӯза  миёни   мардум корҳои  фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Дирӯз кормандони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кумаки  аввалияи  тиббию  санитарӣ”  суҳбату  вохӯриҳо баргузор  намуда, нуктаҳои  асосии  Паёми  имсола  ва  супоришҳои  Пешвои  миллат   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба дарки сокинон расонида, қайд  намуданд, ки  дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат  иброз доштанд, ки  тандурустӣ яке  аз  соҳаҳои муҳимтарини  иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  даврони   истиқлол маблағгузории  соҳаи  тандурустиро ҳамасола зиёд карда,  то 2,1 миллиард  сомонӣ расонидааст. Сарвари  давлат ба  ҳамаи  кормандони   соҳаи  тандурустӣ, махсусан табибону ҳамшираҳои  шафқат, ки  дар  рӯзҳои  авҷи  бемории сироятии  коронавирус барои  табобати  мардуми  Тоҷикистон софдилона  заҳмат кашидаанд  ва  ҷони  ҳазорон  нафар ҳамватанонро аз  марг  наҷот доданд, сипосу  миннатдории  самимӣ баён  карданд.

Имрӯз дар  дунё   соҳае  нест, ки аз  таъсири  буҳрон  эмин  монда  бошад, вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои  пешрафта, таъсири  бемории  сироятии  коронавирус  дар  рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра, сатҳи  огоҳии сокинонро  оид ба  пешгирии  беморӣ,  ба  роҳ  мондани  корҳои  созандагиву  ободонӣ, амалӣ намудани  аксияҳои  ҳизбии «Якҷоя  месозем!» , «Якҷоя  ҳал  мекунем!» фаҳмонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg