БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  дастгирии  оилаҳои  эҳтиёҷманд дар  моҳи  шарифи  Рамазон   бо  маводи  хӯрока  чораҳои  амалӣ  андешида  истодааст.   

Бо дастгирии вакили  Маҷлиси  м аъзоҳалии вакилони халқ  аз ҷамоати деҳоти Наврӯз Эгамбердиев  Алҳам  ба  дидорбинии   оилаи  камбизоат,  маъюби  гурӯҳи 1-ум  сокини  деҳаи  Сангоба  Ҳаитмуродов  Қудрат рафта,   онҳоро  ба  фарорасии  моҳи  шарифи  Рамазон табрик  гуфта,   ёдрас шуданд, ки  Ҳукумати  кишвар ба  масъалаи  ҳифзи  саломатӣ ва  нигоҳубини ятимону  маъюбон, оилаҳои  камбизоат мунтазам  ғамхорӣ  зоҳир менамояд. Инчунин, ҷиҳати   беҳтар  сохтани  шароити  иҷтимоии  онҳо тадбирҳои саривақтиро  амалӣ  намуда  истодаст.  Ба  ин  оила  дар   моҳи  шарифи  Рамазон кумакҳои  моддӣ    расонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg