БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ МАЪРИФАТНОКИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо омӯзгорон  баргузор гардид.

Сайдалиев Гадоӣ  дар суҳбат қайд кард, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ  барои 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020  иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз як миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg