ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули “хона ба хона” ба сокинон маводҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, барои пешгирии бемориҳои сиротятӣ муфид мебошад.
Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат оид ба сари вақт пардохт намудани маблағи ҳаққи истифодаи барқ ва истифодаи асбобҳои барқии каммасраф суҳбат карда шуд.