БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК РӮЗИ БАҲОР, ПУР КУНАД АНБОР...

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик оид ба  натиҷаи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониён, деҳаи Обшорони ҷамоати Заргар вохӯрӣ доир карданд.

Намояндагони  ҳизбӣ зимни суханронӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

Ҳамзамон, аъзои ташкилоти ибтидоӣ Бобоев Амруллоро раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Қармишев Лутфуллоро котиби раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg