БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁҲКОРОН БА МАҚСАДИ ХУД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ.  Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва бузургманишӣ дар тӯли таърихи гузаштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик намегузорад, ки миллати мо тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Гузаштагони миллати тоҷик ҳамеша дар бораи бузургӣ ва озодихоҳии миллати мо асарҳо офаридаанд. Онҳо озодӣ ва истиқлолиятро ганҷи беҳамто дониста, ҳамеша таъкид намудаанд, ки ояндагон бояд қадри онро бидонанд ва ҳаматарафа барои ҳифзи он талош намоянд. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе доштани истиқлолияти сиёсӣ хеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Президенти кишвар борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд. Хушбахтона, баъди саргардониҳои зиёди таърихӣ миллати тоҷик бо заҳматҳои фарзандони бо ору номусаш дубора соҳиби давлати мустақили ҳуқуқбунёду ягона гардид. Ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки қадри истиқлолиятро дониста, барои таҳкими он содиқона хизмат намояд ва барои ҳифзи он ҳамеша тайёр бошад.

Мутаассифона гурӯҳҳо ва нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳамин қадар хиёнатҳое, ки кардаанд, боз ҳам Пешвои миллат бо онҳо созиш намуданд, бо онҳо аҳду паймони сулҳ бастанд, вале онҳо ба хотири ваъдаҳои дурӯғини хоҷагони худ ин аҳду паймонро шикастанд ва аз дӯсте, ки онҳоро бахшида буд, мансаб дода буд, расман шинохта эътироф карда буд ва имкониятҳои васеъ дода буд, буриданд ва ба душманони ин миллат ва ин давлат пайвастанд, чунки онҳо ба ихтиёри худ нестанд, балки бозичаи дасти душманон ва бадхоҳони ин миллат ва ин давлат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ин миллат ва ин давлат рушд кунад ва тинҷу ором бошад. Раванди воқеоти гузаштаву имрӯза ва аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун абзори бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.
Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро метавон аз матолибу гузоришоти ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, дарёфт. Қаламбадастони хоину беномус ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу тавтеасозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд ва гумон аст, ки барои ислоҳи худ дар ин самт гоми мусбат бардоранд. Зеро чунин бешарафӣ одати деринаву зотии ин гурӯҳи аввомфиреб мебошад. Аз ин рӯ, ҳар даъвое, ки ин гурӯҳи худбохта оид ба озодиву озодандешӣ пеш меоварад, ҳарфи дурӯғе беш нест. Зеро исботи дурӯғпардозиву тавтеасозии террористони наҳзатӣ кори мураккабе набуда, бо як нигоҳ ба таъриху роҳи тайкардаи ТТЭ ҲНИ ҳамаи воқеиятҳо пеши назар меоянд. Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.

Сайдамир Ғафуров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg