ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази санитарию эпидемиологӣ» бо аъзо ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан – қарзи шаҳрвандӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳал – вазифаи мост, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.