БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ХУШКШУДА БА ФОИДАИ ҲАР ЯК ОИЛА

АНДЕША. Шурӯъ аз фасли баҳор дар кишвари мо навъҳои гуногуни маҳсулот фаровон мегардад. Дар бозору дӯконфҳои фурӯш пайдо кардани ҳамагуна маҳсулот дастраси мизоҷон буда, арзишаш низ дар мавсим коҳиш меёбад. Занони хонанишин ва нафароне, ки имконият доранд бояд аз ин лаҳзаи фаровонии маҳсулот истифода бурда, дар хушк намудани он талош намоянд. Бубинед, ки бештар дар деҳот ҳатто кабутиро низ хушк карда бо омезиши каме об ва маҳсулоти ширӣ аз он ғизои табиӣ омода менамоянд.

Хушкшудаи маҳсулоти ширӣ низ метавонад ҳамчун ғизо истифода гардад. Қурутоб яке аз таомҳои миллиест, ки аз маҳсулоти хушкшудаи ширӣ истеҳсол мегардад.

Дар баробари омода кардани шарбати мева, хушк намудани он низ ба манфиати мо  мебошад. Чунки хушкмева дар ҷои муносиб нигоҳдорӣ шавад муддати тӯлонӣ истода метавонад. Аз хушкмева тавре дар боло қайд намудем омода намудани хӯрокҳои гуногун имконпазир аст.

Ҳатто баъзан нафарон аз себи хушкшуда, тути хушкшуда ва ғайра талқон истеҳсол менамоянд, ки он ҳам ғизои табиии солим шуморида мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ доимо таъкид менамояд, ки мардум бояд захираи дусолаи худро дошта бошанд. Дар ҳақиқат дар сурати захира будани маҳсулоти зарурӣ мо аз қиматшавии арзиши он нигарон нахоҳем шуд, чунки дар бештари маврид баланд шудани нархи маҳсулот як давраи муайян мебошад.  

Маҳсулоти хушкшуда дар ҳар хонавода метавонанд ба саломатии онҳо таъсири мусбӣ расонад. Ҳар як нафар худ нағз медонад, ки маҳсулоти сарзамини мо, ки офтобрӯя мебошад, аз лиҳози мазза фарқият дорад.

Маҳсулоти хушкшуда дар фасли тирамоҳу зимистон ғизои солиму сервитамин ба шумор рафта, аз истеъмоли он бадани мо маводҳои заруриро ба худ мегирад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg