БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРУИ БАРҚ БА МАНФИАТИ ҲАР ЯК МУШТАРӢ МЕБОШАД

АНДЕША. Мо истифодабарандагони неруи барқ уҳдадор ҳастем, ки ба сарфакорона истифодаи он диққати ҷиддӣ дода, бештар асбобҳои каммасрафи барқиро харидорӣ намоем. Неруи барқе, ки дастраси мо шаҳрвандони Тоҷикистон мегардад, аз обанборҳо истеҳсол шуда, дар сурати сарафакорона истифода набурдани он метавонад дар фасли сармо моро аз ин неру маҳрум созад.

Ҳар як нафар дар ҷомеае, ки зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд, зарур аст, ки оддитарин уҳдадориҳои шаҳрвандиашро иҷро намояд. Дар ин сурат мо ба ҷомеаи пешрафта қадам хоҳем монд.

Агар мо дар ҳаёт ва фаъолияти худ ба истифодаи самараноки неруи барқ оддат намоем, ҳам буҷаи оила ва корхонаи худро ғанӣ мегардонем ва аз ҷониби дигар саҳми худро дар пешрафти кишвари худ мегузорем.

Бо пешрафти илму техника имрӯзҳо аз мағозаву дӯконҳои савдо пайдо кардани фурӯзонакҳои аз 3 то 60 ват пайдо кардан мумкин аст. Мо вақте, ки ҷойҳои дигари хона ба монанди анбор, оғилхона, таҳхона ва ғайраро бо фурӯзонакҳои 5 ват таъмин намоем, он гоҳ мо саҳми худро ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ гузошта, ба ҳисобчии барқ маблағи кам медиҳем. Чунин тартибро бояд ба ҳамсоя ва хешу наздикони худ таъкид намоем. Дар ин ҳолат мо саҳми худро дар сарфакоронаву оқилона истифодабарии неруи барқ гузошта, дигар воситаҳои барқистеҳсолкунандаро аз тез фарсудашави эмин нигоҳ медорем.   

Истифодаи асбобҳои муосири техникӣ низ аз лиҳози масрафи барқ бартарӣ доранд, ки дар ин ҷода мебояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Дар вақтҳои нолозим хомӯш намудани фурӯзонакҳо ба манфиати кор буда, ин ҳам дар камасраф истифода бурдани неруи барқ замина мегузорад.

Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg