БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН ТАБЛИҒ МЕГАРДАНД

КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман!” ва “Илм - фурӯғи маърифат” пайвсата миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар  силсилавохӯриҳо доир мегарданд.

Ин навбат, бо иштироки  Мунавараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева кормандони ҳизбӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои болозикр бо донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки озмунҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ бо дастуру сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида истодаанд.

Дар заминаи ин даъват ба амал оварда шуд, ки дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба ин васила донишу малакаи худро такмил диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg