КӮЛОБ. Дар партави сиёсати созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бунёди як маркази хизматрасонӣ идома дошта, сохтмончиён нақша доранд иншооти мазкурро то рӯзи ҷашн сохта, мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи умум қарор диҳанд.
Сохта ба истифода додани иншооти мазкур зарур ва саривақтӣ буда, аз ҷониби шахси ватандӯсти кишвар, соҳибкор – Наҷмиддинов Амирхон бунёд мегардад, ки оянда дар ин марказ беш аз 10 ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, аҳолии ҷамоати мазкур ба маҳсулоти ниёзи аввала таъмин хоҳанд гашт.