БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат ба дарки ҷомеа расонида шуд

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони деҳаи Остонаи  ҷамоати  деҳоти  Лолазори  ноҳияи  Данғара ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани моҳияти дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кишоварзонӣ вилояти Хатлон, ки рӯзи 02 июни соли 2018 дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, доир карда шуд.

Зимни  суханронӣ мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Суфиев Шодмон  муҳимияти масъалаҳои дар вохӯрӣ зикргардида, аз ҷумла камбориш омадани фасли зимистон ва баҳори имсола, инчунин эҳтимолияти бармаҳалу сард ва тӯлонӣ омадани зимистони навбатӣ ва дар ҳамин замина омодагии пурра дидан ба чунин вазъият, ки яке аз нуктаҳои асосии суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон маҳсуб меёфт, ба аҳолии деҳа фаҳмонида  шуд.

Сокинон суханрониҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда иброз доштанд, ки ҳар дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат  ироа гардидааст, сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор хоҳем дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg