БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ИДОМА ДОРАД

ВОСЕЪ. Дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ дар мавзӯъи “Нақши ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ” гузаронида шуд.

Бояд қайд намоем, ки ин курс бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ободониву созандагӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ роҳандозӣ гардидааст.

Иштирокдорон аз ташкили чунин курси омӯзишӣ қаноатманд буда, ҳар як дарси онро бесаброна мунтазир мешаванд ва дар он фаъолна иштирок менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg