![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20210413_135342.jpg?itok=5LNz0tvj)
КӮЛОБ. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ФРСА" Бобоев Аскар дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Сангпар - Озодамо Почоқулова ва сокини маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб Акобиров Неъматшо кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Зимни аёдат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода зикр намуданд, ки ин ҳама дастгирию ғамхориҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, пайваста аз ҷониби фаъолони ҳизбӣ ва шахсони саховатпеша нисбат ба нафарони эҳтиёҷманд ва маъюбу бепарастор ғамхорӣ зоҳир мегардад.
Дар фарҷоми аёдат аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён волидайни нафарони кумакгирифта, сипосу миннатдории худро баён намуданд.