ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо раиси ташкилоти ибтидоии “Аҳмади Дониш” дар маҳаллаи Гузари болои ҷамоати шаҳраки Қубодиён сокинони маҳаллаи Гузари боло иқдом гирифтаанд, ки 1000 м2 роҳи маҳаллаи мошингузарро сангфарш намуда ба истифода диҳанд. Дар амалҳои хайр сокинон саҳми арзанда дошта, ташаббуси ҳизбиёнро пайваста дастгирӣ мекунанд.