ЁВОН. Дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ!” инчунин, барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкор Роибов Муҳаммад зиёда аз 1км роҳҳои вайронгардидаи деҳа сангфарш карда шуд.
Дар ҳашари баргузоргардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин иштирок намуда, барои идома додани корҳои ободонию созандагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар деҳот тавсияҳо доданд. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки то арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар сохтмони ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ бо усули деренажӣ, утоқи раиси маҳалла ва фурӯши маҳсулотҳои ҳунармандиро ба роҳ монанд.