БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИН НАДОРАД

ХУРОСОН. Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Омор» хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Терроризми байналмилалӣ» бо мақсади тақвият бахшидан ва риояи муқаррароти қонунҳо, оқибатҳои ногувори қонуншиканӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар баргузории хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот,  иттилооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон   Назаров Аъзамҷон иштирок намуда,    

зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм Ватан, миллат ва дин»  надорад”. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя бояд мубориза бурд ва ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg