БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР БУНЁДУ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ СОҲИБТАМАДДУН ВА БОФАРҲАНГ ХЕЛЕ МУҲИМ АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ташаккули тафаккури ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Фаррух ва Мирзоева Гулрухсор иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд.

Бинобар ин ҳар як ҷавонро зарур аст, ки одоби намунавӣ ва дониши хуб дошта, илмҳои замони хешро аз худ намоянду аз таърихи гузаштаи хеш огоҳ бошад, танҳо дар ин маврид метавонад номбардор ва парчамбардори  давлату миллати хеш гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg