БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОЗМУНҲО ИШТИРОК НАМУДА, НЕРӮИ ЗЕҲНИИ ХУДРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШЕМ

ВОСЕЪ.  Бо мақсади таблиғи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” ва “Илм фурӯғи маърифат”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо хонандагон Солиҳов Фаррух корманди масъули ҳизбӣ иброз намуд, ки боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббусу дастгириҳои ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст.

Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намуда истодааст.Дар охир аз тарафи масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои зикргардида иштирок намуда, номбардори падару модар, ноҳия ва дар оянда номбардори Ватани маҳбубамон гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg