БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБИЁН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН. Бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ёвон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх семинар-машварати ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода таҳти унвони “Таҳкими ҳаракати аъзои ҲХДТ”дар сатҳи баланди оммавию сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории семинар- машаврати мазкур Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба иштирокчиён оид ба усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, алалхусус тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, иштироки ҳизбиён дар аксияҳои ҳизбӣ ва сохта ба истифода додани утоқи кории раиси маҳалла дар якҷоягӣ бо мағозаи қабул ва фурӯши маҳсулотӣ ҳунармандӣ ва бо усули дренажӣ бунёд намудани ҳаммому ҳоҷатхонаҳо баромад намуд.

Дар фарҷоми семинар- машварат миёни роҳбарият ва раисони ташкилотҳои ҳизбии дар маҳаллаҳо буда, саволу ҷавобҳо доир шуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанданда дода шуд.

Дар доираи семинар-машварат раиси Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода аз рафти бунёди роҳи деҳаи Фурқат ва сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Фурқат, ки аз ҷониби соҳибкор, узви фаъоли ҲХДТ Роибов Дилшод дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” ба ифтихори сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида истодааст, дидан намуда, ба фаъолияти соҳибкор ва сохтмончиён баҳои баланд дод.

Бунгоҳи тиббӣ барои мардуми деҳаи Фурқат ройгон сохта шуда, ба миқдори 20 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот аз давлатҳои ҳамсояи Чин ва Федератсияи Россия ворид карда мешавад. Ҳамзамон, соҳибкор дар нақша дорад, ки дар шафати бунгоҳи тиббӣ утоқи раиси маҳалла ва дӯкони фурӯши маҳсулоти ҳунармандиро барои бонувони маҳал сохта ба истифода диҳад.

Ҳамзамон дар доираи иқдомҳои инсонпарварона ва башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъюбон низ аёдат гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg