А.ҶОМӢ. Дар ҷараёни сафари корӣ Миралиён Қиёмиддин Абусалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода аз фаъолияти коргоҳи дӯзандагие,ки дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қарор дошту таъсисдиҳандааш Гадоев Умар маъюби дараҷаи якум мебошад, шинос гардид.
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар рафти суҳбат аз суханрониҳои Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, афзуд, ки ҳизби мо низ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор мегузорад». Пас аз анҷоми суҳбат аз кору фаъолияти занону бону вони ин коргоҳ дидан карда, ба Гадоев Умар, ки ба маъюбияш нигоҳ накарда, коргоҳи дӯзандагиро ташкил додааст, аҳсан гуфт ва барои боз ҳам васеъ намудани коргоҳ, зиёд кардани сафи кормандон маслиҳатҳои судманд дода, ба ӯ туҳфаи хотиравӣ ва кумаки молиявиро тақдим кард.