ВАХШ. Бо ибтикори шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии рақами 3-и ноҳия чорабинӣ таҳти унвони "Тоҷикистон манбаи обҳои поку мусаффо" доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ ва мутахасиси шуъба Негматов Азизулло иштирок намуданд.
Зимни баромад Камолов Сафаралӣ иброз намуд, ки Маҷмааи умумии СММ қатъномаро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал " Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо ҷонибдории 193 кишвари узви СММ қабул намуд. Ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028" Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти "Форуми 7- уми об" дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.Чунки об манбаи ҳаёт, ҳастии тамоми мавҷудоти рӯи олам мебошад.
Имрӯз дар ҷаҳон бештар аз 1,2 миллиард одам аз норасогии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Сабабҳои норасогии об, пеш аз ҳама ҷойгиршавии нобаробарии захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тағйирёбии иқлим мебошад.
Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам аз об вобастагӣ дорад, пас мо вазифадорем, ки обро щамчун асоси ҳастӣ эҳтиром намоем тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки ифлос шавад цайд доштанд хонандагон.