БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ДУ НАСЛ

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати тарғибу ташвиқ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” ва риояи талаботи қонунҳои амалкунанда вохӯрии ду насл бо таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №6-и Ҷамоати деҳоти Панҷ баргузор гардид. 

Зимни чорабини мазкур дар  мавзӯи болозикргардида, қайд карданд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму техника ва китобу китобхонӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намуда, дар самти омодасозии наврасон барои иштирок дар озмунҳои номбурда саҳми босазои худро гузоранд.

Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ҳидоят кунанд, то ин онҳо тавонанд ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари ин кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси Ватан ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg