БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав   нуктаҳои  Паёми  имсолаи  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  «Дар  бораи  самтҳои  аслсии  сиёсати  дохиливу хориҷии  ҷумҳурӣ»  ва  супоришҳои  зимни мулоқот бо  фаъолони  вилояти  Хатлон   аз  26.03.2021 ҳамарӯза   бо  усули  «хона  ба  хона»  ва  ташкилот  ба  ташкилот ба мардум  фаҳмонида  дода  истодаанд.

Ин навбат   дар деҳаи  Муъминободи  ҷамоати деҳоти  Истиқлол     бо сокинон   ва  ҷавонону  наврасон   хониши  сиёсӣ баргузор  гардида,  қайд  карда шуд, ки  дар Паёми   имсолаи  Пешвои  миллат дар  баробари  дигар масъалаҳои  муҳим мубориза бо  терроризму ифротгароӣ низ таъкид  шудааст.  Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронӣ ёдовар шуданд, ки теророризму  экстремизм як  зуҳуроти номатлуби  ҷомеа  ба  шумор  рафта, тамоми  дунёро ба  ташвиш овардааст ва  бо амалҳои  экстремистию  ваҳшонияти  худ, ки  боиси  бадбахтии  ҳазорон  мардуми  бегуноҳ  мегарданд.  Имрӯзҳо  шабакаҳои интернетӣ ва  дигар  воситаҳои  техникии  муосир  барои  аксари  ҷавонон дастрас  аст. Мубаллиғони гурӯҳҳои  ифратгарою террористӣ аз  онҳо  хело  моҳирона истифода  бурда, мағзи  сари  наврасону  ҷавононро  бо  ғояҳои  дурӯғину  харобиовар заҳролуд мекунанд  ва бо гапҳои пучу ваъдаҳои  ҳавоӣ моил  месозанд.  Ба  ин  гурӯҳҳо  аз  ҳама  бештар  ҷавонони  бекор онҳое, ки  бо меҳнати  ҳалол  намехоҳанд  рӯз  гузаронанд, ба  доми  онҳо  мевфтанд  ва гумон мекунанд, ки  хоҷагони террорист  дар  оянда  ба  онҳо   зиндагии  серу  пурро  таъмин менамоянд.

Сипас, сокинон ва  ҷавонон ин гуфтаҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои пешгирӣ  ва татбиқи амалҳои неку шоиста  иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg