Н.ХУСРАВ. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «… Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занониу бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлоли озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем» дар радифи ин гуфтаҳои Пешвои миллат сокинони яке аз дурдастарини ноҳияи Носири Хусрав дар иттиҳоду сарҷаъмӣ фаъолона заҳмат намуда, симои маркази ноҳияро рӯз аз рӯз зебою озода гардонида истодаанд.
Дар боғи фарҳангии навбунёди ноҳия ҷавонон барои зебо намудани боғи мазкур лавҳаи калоне бо навиштаҷоти «Ман туро дӯст медорам, ноҳияи Носири Хусрав» сохта, бо рангу бор оро доданд, ки диқкати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Боғи фарҳангии навбунёд бо дарахтони ҳамешасабз, гулу бутаҳо ва ороишҳои ҳархела ҷиҳозонида шуда истодааст, ки ҳамчун иншооти ҷашнӣ то рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.