БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ МАРДУМ АСТ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Паём  дар бобати  истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил ба заминистифодабарандагони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт  вохӯрӣ ва суҳбат доир намуданд.

Ба маълумоти кишоварзон расониданд,  ки Пешвои миллат дар Паёмашон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар  як оиларо  вазифадор намуданд, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентиро хуб ба роҳ монанд,  бо истифодаи тухмиҳои аълосифат гирифтани то се ҳосилро аз як замин таъмин намоянд. “Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд”, - омадааст  дар  Паём.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg