ХОВАЛИНГ. Ҳизбиёни ноҳияи Ховалинг ҷиҳати пешгирии офати табиии селзанӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” фаъолона ба ҳашар баромада, дар мустаҳкам намудани соҳили Оби мазор саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар кори соҳилмустаҳкамкунӣ аъзои кумитаи ибтидоии ҳизбии “Литсейи касбӣ –техникӣ”, “Маорифчиён”, “Маркази саломатӣ”, “Беморхонаи марказӣ”, “Беҳдоштӣ” фаъолияти хуб нишон доданд.