ХОВАЛИНГ. Таблиғу ташвиқ ва роҳнамоӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, деҳқонӣ ва дигарҳо рӯёнидани чанд ҳосили дилхоҳ як самти асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро ташкил медиҳад.
Кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза бо тариқи “хона ба хона” ва дар саҳро бо сокинон вохӯриҳо доир намуда, зарурат ва аҳамияти истифодаи заминро дар соли душвори буҳронӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мефаҳмонанд.
Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба роҳ монда шуд.
Дида мешавад, ки сокинон баъди баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо боз ҳам бо дили гарм, хубтару беҳтар ба кор машғул мегарданд.