БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЗЗАТ АМОН НА ФАРИШТА ҲАСТУ НА ЯГОН ИНСОНИ КАЙҲОНӢ БАЛКИ...

ВОКУНИШ.  Иззат Амон соли 1973 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, соли 1997 бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2000-ум дар Москав кору зиндагӣ мекунад. Хатмкардаи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи хидмати давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия аст.

Солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Москав кор мекунад. Айни замон дар шабакаи Ютуб масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон ба баҳс мегирад.

Имрӯзҳо  дар сомонаҳои интернетӣ  қазияи  боздошти  Иззат Амон  сару садоҳоро баланд намуда,  бархе  аз  муҳоҷирони кӯтоҳандеш бе таҳлил ва доштани маълумоти  саҳеҳ  вобаста  ба ин  қазия  ба  доми гурӯҳҳои экстремистӣ меафтанду худ бедарак мемонанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  Иззат Амон на фаришта ҳасту на ягон инсони кайҳонӣ,  балки як инсони хокист. Маълум аст, ки ҳар касе таҳкир ва ё қаллобӣ менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бинобар ин  тарафдорӣ аз ҷинояткор ва ё гумонбар  наметавонад сабаби озод гардидани он бошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба монанди «Гурӯҳи-24», «ТТЭ ҲНИ»   ва шахсони манфиатдор мехоҳанд аз фурсат истифода намуда,  сафи аъзои худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу камасавод зиёд гардонанд ва ба ин васила онҳоро ба механизми истифодаи мақсадҳои  худ равона созанд.

Бояд ёдовар шуд, ки аризаи шикоятии баъзе аз ҷабрдидаҳо маълум менамояд, ки Иззат Амон на ҳомии ҳуқуқ, балки як фиребгар аст, зеро  бо истифода аз боварии бархе аз муҳоҷирон маблағҳои онҳоро аз худ кардаву ба бархеи дигар аз  як қисми он  кумак расонидаву  дар шабакаҳои интернетӣ аз худ қаҳрамон сохтааст.

Иззат Амон шахсе  аст, ба монанди дигар хоинони миллат, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд ва ҳадафи аслиашон ғасби миллат ва нооромии минтақа мебошад. Аз ҳама шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунам, мавзӯи асосиро дар мавриди қазияи Иззат Амон хуб омӯзанд ва нагузоранд, ҳар аҷнабӣ ва бадхоҳе бо нохалафоне чун Иззат Амон ба миллату давлат осебе расонида, фазои сулҳу ороми кишварро халалдор кунанд.

Сафар Ҳафиза Разоқ, раиси КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg