БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИҲО АМАЛҲОИ ХУДРО ДИГАР МЕНАМОЯНД

ВОКУНИШ. Амалҳои  ноҷавонмардонаи наҳзатиён дигарбора, ҷавонону наврасонро гумроҳ месозанд, ки донистаю надониста ба он  ҳангомаю овозаҳои беасоси онҳо бовар мекунанд, зеро ки то ба ҳол аз он амалҳои  нангину  сангини ҳизби  наҳзати ислом,  ки   солҳои 90- уми қарни гузашта  рух дода буд, бовар  надоранд.   Аз ин хотир  таввасути шабакаҳои   интернетӣ сабту наворҳои   ҳангомаангезу муғризонаҳояшонро пахш карда,  ҷавонони   ноогоҳу  наврасро ҳамақидаи худ мекунанд. Аз ин лиҳоз имрӯзҳо  майдони  муҳорибаи  худ  муҳоҷирони  меҳнатиро қарор  додаанд, ки таввасути  интернет ва дигар  амалҳо дар наворҳои худ мушкилҳои муҳоҷирони  ҳамватани моро  ба  шабакаҳои  интернетӣ     нишон дода,  ҳукумату     роҳбарони кишвари  моро   бадном  сохтаанд.  Аммо он    Худонашносон    фикр намекунанд,  ки    муҳоҷирати    меҳнатӣ   дар  ҳамаи давлатҳои      дунё низ   дида    мешавад.  Сабаб ва мақсади    муҳоҷирони   меҳнатӣ   дар он  аст, ки    музди   маоши   моҳонаи ташкилотҳои    Ҷумҳурии    мо онҳоро   қаноатманд     намекунанду   бо ин миқдор    маоши моҳонаи     муҳоҷирони меҳнатӣ на кам   аз  5-7-ҳазор    сомониро     дар  Федератсияи     Россия    ташкил   медиҳад,  аммо    дар Россия   бо ин маоши муҳоҷирони тоҷик    ягон   коргари   муқимии   Россия    кор намекунанду   онҳо      ба  кишварҳои   Аврупо   ва Амрико    барои кор мераванд.   Ҳамин     аст,  ки     муҳоҷирони  мо дар  ин кишвар   соҳиби  ҷои кор   мешаванду  барои  таъмини  оила   аз Россия   маблағҳои  пулӣ   тавассути  бонкҳои  миллӣ   маблағҳои  худро   мефиристанд . Аммо    бояд  қайд  кунам, ки имрӯзҳо бар асари   хуруҷи  Ковид- 19    муҳоҷирони   мо   муваққатан ба зодгоҳи  худ  омада   буданду  барои  бозгашт   мушкилоти дигаре  пеш омадааст,  боз санги   маломатро   ба сари    роҳбарияти   мамлакат   ҳаво доданд.   Лекин   имрӯзҳо    тибқи шартномаи  тарафайн   бояд   давра  ба   давра    мо ин     мушкилоти   сунъи  эҷоднамудаи  гурӯҳи     ҳангомаю овозакунандагонро     бартараф    намуда,  бо як  низому   риояи  қонун     тибқи    шартнома    ба муҳоҷират  мефиристем. Имрӯзҳо    гурӯҳҳое    пайдо шудааст, ки   муҳоҷиронро    фирефта карда,     аз онҳо    нархи як чиптаро  ба  9-10 ҳазор сомонӣ     фурӯхта истодаанд, ки   ин амал дигарбора     барои душманони бурунмарзии мо  имконияти    воқеӣ   медиҳанд. Гумон мекунам, ки   миёнаравӣ  карда,    ба муҳоҷирон    аз ҳар  як чипта   3-4 ҳазор  сомонӣ изофа  мегиранд  ҷонибдори ҳамон “ Наҳзатиён ” мебошанд,  ки  бо роҳбарияти  Олии   кишвар даст   ба гиребон  буда,    амалҳои   камбудидоштаи  ҷомеаро барои   худ  ва  ба манфиати      сарзанишу     мавриди   истифодаи   шабакаҳои   интернетӣ     қарор  медиҳанд.  

Ба  душманони  миллат   гуфтаниам, ки    ҳеҷгоҳ  миллати  бо тамаддуни  тоҷик, он амалҳои      ноҷавонмардонаи “ Наҳзатиён”- ро  фаромӯш    намекунад    ва паси   гуфтаҳои     бардурӯғи    душманон    нашуда,     атрофи   сиёсати   хирадмандонаи Пешвои миллат   муттаҳиданду  бо роҳи Пешвои  миллат    равонанд.

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg