ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фарғона» бо хонандагон ва омӯзгорон оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзизода Каримҷон дар суханаш қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат барномаи мукаммали фаъолият нафақат барои як соли оянда, балки барои даҳсолаҳои минбаъда низ маҳсуб меёбад.
Инчунин, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Паёми имсола давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии сиёсати минбаъда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Паёми навбатӣ ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода шуда, сармашқи кори тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Яқинан Паём муҳимитарин барномаи дорои хусусияти созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, оғози ҳамагуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода мешавад.