БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАҚСАДИ САБЗГАРДОНИИ МУҲИТ

ҶАЙҲУН. Бахшида ба истиқболи ҷашни мукаддаси 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» таҳти унвони навад рӯзи ободонӣ, корҳои ободонӣ ва сабзгардонии муҳити атроф дар назди бинои  шуъбаҳои  тандурустӣ шурӯъ гардиданд.

Дар доираи ҳамин чорабинӣ, рӯзи шанбе бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ҷалби кормандони беморхонаи марказии ноҳия ба ҳашар баромада, дар тоза ва сабзу хуррам гардонидани муҳити табиат, саҳми арзанда гузоштанд. Бо меҳнати кормандон, қисми хоҷагӣ ва иштироки духтурон, тариқи баргузории ҳамин гуна хашарҳо дар ин мавсим дарахтони мевадиҳанда ва зиёда аз ҳазор  гулҳои садбаргу лола шинонида шуда, ба хусни муҳити табиати беморхона зебоии тоза зам гардид.

Дар ин ҳашар, зиёда аз 230 нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” иштирок намуда, бо кумаки онҳо, партовҳои саҳни ҳавлии беморхона, дару тирезаҳо, роҳравҳо, майдону гулгаштҳо тоза  карда шуд. Ёдовар бояд, гардид, ки тибки накшаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” Абдулҳамидзода Ҳомидҷон ҳашарҳои ободонӣ дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия бахшида ба истиқболи ҷашни мукаддаси бузурги 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шуда, рӯзҳои истироҳатии ҳар ҳафта гузаронида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg