НОРАК. Оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд.
Дар ин рӯз беш аз 50 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаи Шар-шар барои тоза намудани гирду атроф ва дохили оромгоҳҳо баромада, дар як қатор корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.