КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки Саъбагул Валиева вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи “Нақши сулҳу ваҳдат дар рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ҷавонон ” баргузор гардид.
Зимни баргузории курс аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза қайд гардид, ки курси мазкур аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва вакилони мардумӣ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкории кишвар роҳандозӣ гардидааст. Дар навбати худ вакили мардумӣ Саъбагул Валиева аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бояд ҷавонон номбардори Ватан ин сарзамини аҷдодӣ бошанд. Бештар ба илмомӯзиву аз бар кардани касбу ҳунар ҷалб гарданд, чунки онҳо ояндаи давлату миллат ва ҳифзкунандаи ин марзу бум ҳастанд.