БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ КИТОБ ДАР ДОИРАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...”

КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул ва Мунавараи Бозоралӣ дар муассисаи давлатии таълимии “Литсейи хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб” вобаста ба тарғибу ташвиқи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ тайи се сол аст, ки таҳти сарпарастии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Ҳамзамон, дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади бой гардонидани захираи луғавӣ ва рӯ овардан ба  асарҳои шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва даврони муосир ба хонандагони муассисаи болозикр теъдоди 50  адад китобҳои бачагона ва  бадеӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg