БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ

КӮЛОБ.  Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки маҷлиси мазкур аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар семоҳаи якуми соли 2021 ва  натиҷаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб, баррасии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иборатанд.

Зимни маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроия  дар се моҳи соли 2021 натиҷагирӣ карда шуда, оид ба тадбирҳои он  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб дар доираи одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзои Раёсат баромадҳо карда шуда, фаъолияти кории семоҳаи Кумитаи иҷроия қаноатбахш ҳисобида шуд.

Дар фарҷом, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб, як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg