БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ДӮСТӢ.  Суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ ва шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Вохӯрии  навбатӣ бо сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ доир карда шуд.

Раиси Ситоди пешазинтихоботии номзад Қурбонов Абдулҳафиз маҷлисро оғоз бахшида, ҳадаф, моҳияти Барномаи ҲХДТ ва баргузор кардани интихоботи миёнадавриро ба ҳозирин шарҳ дод. Сипас, аз ҷониби узви Ситоди пешазинтихоботии номзад, муаррифнома ва самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Одиназода Ҳуснигул ба интихобкунандагон шинос карда шуда, қайд гардид, ки нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ин дастгирӣ намудани мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони хонашин мебошад. Дар охир интихобкунандагон вохӯрии судмандро бо хушгудӣ пазируфта, иброз доштанд, ки дар рӯзи интихоботи миёнадаврӣ ба номзади арзандаи худ овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg