ВОСЕЪ. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳо баргузор карда мешавад, ки маромаш ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушду тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мебошад, афзуд мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фаррух зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук.
Ҳамзамон, дар суҳбат қайд гардид, ки вақтҳои холигии худро беҳуда сарф накарда, барои иштирок дар озмунҳои мазкур кӯшиш намоянд ва аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ худдорӣ кунанд.