![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210412_102603.jpg?itok=brWXOSBq)
ВОСЕЪ. Дар баробари таблиғу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд.
Масъулини ҳизбӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия якчанд нафар хонандагони хурдсолро, ки қобилияти шеърхонии хуб доранд ва китобҳои бадеӣ зиёд мутолеа кардаанд, ошно гардида, онҳоро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даъват карданд.
Инчунин, масъулин бо омӯзгорони хонандагон суҳбат карда, иброз намуданд, ки ин озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии наврасону ҷавонон мебошад. Бинобар ин ҳамаи омӯзгоронро зарур аст, ки наврасонро барои хондани китобҳои бадеӣ, аз ёд кардан ва қироати шеърҳо ҳавасманд гардонида, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои мазкур ҳидоят намоянд.