БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва пешгирӣ аз гурӯҳои террористӣ вазифаи ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойгонии вилоят» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла муборизаи иделогӣ бар зиддӣ терроризм, экстремизм ва пешгирӣ ҷавонон аз гурӯҳои тундгаро вохӯрӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан оид ба муборизаи иделогӣ бар зиддӣ терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз гурӯҳои ифротӣ ба сухан баромада,  қайд намуд, ки дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарзо зиёд ҳарф мезананд. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Иштирокдорон қайд карданд, ки дар Паёми Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки  мутаассифона  дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Дар ин роҳ танҳо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ мебояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg