ВАХШ. Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия Одилҷон Маҳмадов бо аъзои раёсат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраи оянда, баррасии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ муҳокима карда шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, қарорҳои дахлдор якдилона қабул карда шуд.
Дар идома ба раиси ташкилоти ибтидоии "Маркази саломатӣ (КАТС) барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа, бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуд.