ВАХШ. Дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 вохӯрии номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш-32” Абдусаломзода Мунаввар баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур шахси боэътимоди номзад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон номзадро муаррифӣ намуд.
Абдусаломзода Мунаввар фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии худро баррасӣ намуда, қайд кард, ки дар самти мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстии љавонон ва таҳкими ваҳдати миллӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки барномаи пешазинтихоботиаш ҳисобида мешавад.