БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«РӮЗИ ЁДОВАРӢ» АМАЛӢ ГАРДИД

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Рўдаки дар дењаи Шар-шар бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”,  сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, барои тозаву озода намудани қабристони дења дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» доир гардид. Дар аксияҳои ҳизбӣ масъулини ҳизбӣ ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинон ба ҳашари умумӣ баромада, дохил ва гирду атрофи қабристонро тозаву озода намуданд.

Њамзамон дар доираи Аксияи њизбии «Якљоя месозем» бо дастгирии сокинону соњибкорони љамоати мазкур роњи њудуди оромгоњ тахту њамвор карда шуда 10-мошин (хокусанги омехташуда) рехта шуд, ки дар доираи аксияи мазкур бо љалби бошандагон њамвор карда шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш зимни баргузории ҳашари дастаҷаъмона қайд кард, ки барои шод намудани рӯҳи гузаштагон ва таблиғ намудани чунин корҳои хайру салоҳ ва покорӣ ба насли ояндасози ҷавон вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба шумор меравад.

Дар ин аксия иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки пайваста чунин корҳоро ба анҷом расонида, дар ободии диёр ва оромгоҳҳои ҳудуди деҳаю маҳаллаҳояшон нақши беназир мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg