Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар иброз дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму техника ва китобу китобхонӣ талош варзида, дар самти омодасозии онҳо барои иштирок дар озмунҳои мазкур саҳми босазои худро гузоранд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуд.