БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хироб” бо ҷалби сокинон, ва масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон барои ободии диёр дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” видогоҳ (ҷанозагоҳи) деҳаи Хиробро ба тартиб дароварда, корҳои созандагӣ ва ободкорӣ ба анҷом расониданд.
Намоляндагони ҳизбӣ ноҳия пайваста миёни аҳолӣ барои татбиқи аксияҳои ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳию амалиро ҷорӣ карда, сокинонро ба созандагию бунёдкорӣ ва рушди деҳоту маҳал ҳидоят менамоянд.
Дар ноҳияи Балҷувон баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, дар ин замина як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.