БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҶАВОБ МЕГӮЯНД

ВОКУНИШ. Дар ҷањони сиёсӣ нафароне пайдо мешаванд, ки танҳо ба манфиати худ кор мекунанд. Иззат Амон аз қабили ин тоифаҳост ва баҳри ба даст овардани даромади муфт ба манфиати худ ҳатто миллати худро фурӯхтааст. Чунин кирдорҳои бад вақтҳои охир зиёд ба назар мерасанд. Онҳо амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки мардумро бар зидди давлат мешӯронанд. Иззат Амон дар Федератсияи Россия тоҷикбачаҳои муҳоҷирро ба ниёзмандон, беморон ва бечорагон кумак расонед, кори хайр ва савоб аст гӯён, пули маҳшарро ҷамъ мекардаасту аз пулҳои ҷамъоваришуда танҳо 10%-ро ба ягон бечора аз номи худ кумак гуфта медодааст ва 80%-и онро ба киссаи худ мезадааст. Чунин фиребкориҳои худро чандин борҳо миёни бачаҳои муҳоҷир амалӣ карда зиндагии худро пеш мебурдааст. Дар ислом, нафаре, ки аз одамони доранда ба нафарони муҳтоҷ садақа кунед гуфта мегирад ва насиби одами муҳтоҷро мехӯрад луқмаи хӯрдаи ӯ ҳаром аст мегӯянд. Пас ин ҳаромхӯри макорро чаро бовар кард. Бар замми ин Иззат Амон камбудиҳои ватанамонро ба муҳоҷирон ба тарзи шантажи худ ошкор карда, ба онҳо мегуфтааст, ки роҳбарон фақат ба манфиати худ кор мекунанду мардуми камбағалро азоб медиҳанд, ҳоло он, ки ӯ худ чунин амал мекунад, айби худро намебинаду айбро дар дигарон меҷӯяд бо ин гуна фикру нақшаи худ ҷавонони муҳоҷирро ба доми худ кашида роҳгум месозад. Оқибат давлат корҳои Иззат Амонро ошкор карда, тибқи чорчӯбаи қонун ӯро ифротгаро ҳамчун хиёнаткор ба Ватан, миллат эътироф намуда, дастгир кард. Акнун Иззат Амон дар назди қонун доир ба корҳои кардааш ҷавоб гуфта пушаймонӣ мекашад. Аммо пушаймонӣ суд надорад мегӯянд ва одамоне, ки ба як кор одат мекунад ӯ ҳатман боз корашро давом медиҳад аз ин лиҳоз хиёнаткоронро бахшида намешавад.

Дар замони 30-соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем ватанамонро тинҷу ором, осуда, шукуфон ва сулҳро пойдор намоем ва рӯз то рӯз бо амалҳои созандагиву бунёдкорӣ тавонистем Ватанамонро обод созем ва идома хоҳем дод. Бо ин кирдорҳои некамон фарҳангу тамаддуни миллатамонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоштем. Дар ин равия зери гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони соҳибистиқлоли имрӯзаро илм омӯзонем, соҳиби илм кунем то, ки дар бозори ҷаҳони меҳнат ҷавобгӯ бошанд ва идомадиҳандаи корҳои созанда бошанд на сӯзанда.         

Қурбонов  Абдулҳафиз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg