ВОКУНИШ. Иззат Амон кист? Қаллобе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ шаҳвандии Рассияро гирифта, аз шиносномаи он ҷо истифода карда, дар он ҷо ба қавли худ Иттиҳоди ҷавонони тоҷикро ташкил намуда, аз муҳоҷироне, ки бо машаққати зиёд маблағ ба даст меоваранд, ба бовариашон даромада, маблағҳои онҳоро ба манфиати худ истифода мекардааст.
Аз корҳои қаллобии Иззат Амон Ҳукумати Россия хабардор гардида, шиносномаи ӯро беэътибор дониста, ин пастфитрати муфтхӯрро аз кишварашон пеш карда, ба Тоҷикистон фиристониданд. Дар асоси аризаҳои шикоятии шаҳрвандон дар мавриди қаллобии ӯ, ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир намуданд.
Ба воқеият назар андозем, Иззат Амон бояд дар назди қонун барои маблағҳои бо роҳи фиребу қаллобӣ ба даст овардааш ҷавоб диҳад ва ҷавонони ноогоҳи моро мебояд, ки аз як қаллоб пуштибонӣ нанамоянд.
Мо бояд ба инхел хоинҳо бовар накунем, чунки онҳо мехоҳанд бар зиди давлату ҳукумат ҳар хел суханони бардурӯғ гуфта, диққати ҷавононро ба сӯи худ ҷалб намоянд. Мо бояд пеш аз сафар забони хориҷиро омӯзем, ки фирефтаи ин гуна шахсони фиребгар, қаллоб ба монанди Иззат Амон шахс нагардем ҳамаи ин воқеаҳо, аз сабаби надонистани забон рух медиҳад.
Мо ҷавонони замони соҳибистиқлоли кишвар аз ҳамаи сокиноне, ки ҳанӯз аз фитнаҳои нопоки гурӯҳҳои террористии ҳизби наҳзати ислом хабардор нестанд ва ҷавононе, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ тамошо мекунанд ба ҳархел суханони бардурӯғ бовар накунанд. Зеро мо дар замони соҳибистиқлолӣ зиндагӣ карда истодаем ва ин сулҳу суботи сартосарии кишварамонро чун гаҳвараки чашм нигоҳ медорем.
Ф. Қосимов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш