БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҚАЛЛОБ ПУШТИБОНӢ НАШОЯД, ВАТАНРО СОҲИБӢ МЕБОЯД

ВОКУНИШ. Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо, диёри куҳанбунёди аҷдодӣ, мулки шерону далерон ва фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Созандагиву бунёдкориҳое, ки пайваста дар кишвари зебоманзарамон ба вуқӯъ меояд, бадхоҳони миллатро дилшикаста мегардонад. Ҳамаи ободкориҳо, ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон бевосита ба чашми душманони миллат хок мепошад. Аз бадхоҳиву ҳасуд чи кор карданашонро намедонанд ва барои ба худ обрӯи ночизе харидан суханони иғвоангезу туҳмату буҳтонҳои бофтаро нисбати Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти он дар шабакаҳои интернетӣ нашр менамоянд.

Тайи чанд рӯзи охир ҳамаи мову Шумо шоҳиди он гашта истодаем, ки ду мавзуи баҳсӣ яке қазияи боздошти Иззат Амон ва дигаре қазияи Ворух ду гурўҳро саргарми худ гардондааст.

Дар масъалаи аввал ҳаминро ба тамоми он нафароне, ки то кадом андоза аз дуруст ё нодуруст будани қазияро намедонанд, гуфтан мехоҳем, ки аз як ҷинояткор қаҳрамон насозанд ва Ҳукуматро дар ин масъала гунаҳгор нанамоянд. Ҳар куҷое як хоину дузд ва қаллоб аст, зуд худро аз боқимондаҳои узви ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом намудор менамоянд. Он наҳзатиҳое, ки имрўз аз Иззат Амон пуштибонӣ карда истодаанд, ҳадафи аслиашон аз ў пуштибонӣ не, балки ўро ҳамчун боқимондаи узви ҳизби худ муаррифӣ намудан аст.

Дар масъалаи дуюм ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар як ваҷаб хоки Ватан барои мо азиз аст. Ворух пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ватан бо ҳама сангу хораш бо ҳама бурду бохташ барои мо азиз аст. Дар ҳақиқат сафари кории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин водии таърихии тоҷикон, дар замири ҳар як фарди тоҷик ҷасорату матонатро зиёд гардонда, ғурури миллии ҳамватанонамонро афзун намуд.

Аз ҳамаи ҳамватанон даъват ба амал меорем, ки дар масъалаи ба маҳкама кашидани Иззат Амон ҳамгомаҳоро зиёд нанамоянд, гунаҳкор буда набудани ўро мақомотҳои дахлдор ҳаллу фасл менамоянд. Имрўзҳо моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои миллат гирд омада, зичтар муттаҳид шавем ва сарзамини аҷдодиамонр соҳибӣ намоем.

Дурманова Нигорамо, роҳбари маҳфили Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg